Муҳиддин Кабирӣ: Аз даъво тавассути ВАО огоҳ шудам

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба қазияи даъвои ҳукумати Душанбе нисбаташ оид ба буридани дарахту буттаҳо дар пойтахт изҳор намуд, ки аз ин даъво тавассути ВАО огоҳ гардидааст. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ӯ айни замон дар хориҷи кишвар қарор дошта, комилан бо мазмуни даъво ошно нест […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба қазияи даъвои ҳукумати Душанбе нисбаташ оид ба буридани дарахту буттаҳо дар пойтахт изҳор намуд, ки аз ин даъво тавассути ВАО огоҳ гардидааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ӯ айни замон дар хориҷи кишвар қарор дошта, комилан бо мазмуни даъво ошно нест ва андешаи худро пас аз бозгашт ба ватан иброз хоҳад дошт. «Аммо алҳол метавонам бигӯям, ки кишвари мо аҷиб аст», – гуфт раиси ҲНИТ.

Дар ҳамин ҳол, аз қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нусхаи қарори суд то ҳанӯз ба ҳизб нарасида, яқинан он ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод хоҳад шуд, зеро даъворо суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қабул кардаву палатаи поёни парлумон дар ҳамин ноҳия воқеъ аст ва Муҳиддин Кабирӣ вакили ин парлумон мебошад. «Айни замон раиси ҳизб дар Лондон қарор дошта, аз онҷо ба Норвегия раҳсипор мешавад ва танҳо санаи 1-уми декабр ба Тоҷикистон бармегардад», – гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.

Қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки даъвои ҳукумати пойтахт нисбати Муҳиддин Кабирӣ дар доираи Кодекси граждании ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад. «Феълан М.Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ин рӯ, баррасии даъвои ҳукумати пойтахи пас аз бозгашти раиси ҲНИТ ба Душанбе оғоз мегардад», – гуфт вай.

Номбурда таъкид кард, ки дар даъвои худ ҳукумати Душанбе талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Ёдрас мекунем, ки

суханронии Муҳиддин Кабирӣ

дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.