Суғд: Як шахс бародарашро зинда ба гӯр кард

Дар вилояти Суғд як шахс бародари хешро зинда ба гӯр кард. «Гӯр»-ро пас за 14 рӯз сагони дайду дарёфтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҷасади мард бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста рӯзи 14-уми ноябр дар қаламрави ахлотпартои шаҳри Конибодом дарёфт гардидааст. «Муайян карда шуд, ки фавтида […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд як шахс бародари хешро зинда ба гӯр кард. «Гӯр»-ро пас за 14 рӯз сагони дайду дарёфтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҷасади мард бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста рӯзи 14-уми ноябр дар қаламрави ахлотпартои шаҳри Конибодом дарёфт гардидааст. «Муайян карда шуд, ки фавтида Суҳроб Сулаймонови 28-сола мебошад», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Фирдавс Сулаймонови 30-сола боздошт шудааст.

«Нимаи аввали шаби 30-юми октябри соли равон Ф.Сулаймонов бародарашро, ки дар ҳолати вазнини мастӣ аз машрубот қарор дошт, бо дастони баста ба ахлотпарто оварда, ӯро ба чуқурии 1 метра мепартояд ва сипас зинда ба зинда ӯро дар чуқурӣ бо хок гӯр мекунад. Пас аз ду ҳафта сагони дайду ҷасадро аз гӯр кашида бароварданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти тафтишот то ҳанӯз сабаби чунин амали бераҳмонаи бародар нисбати бародари ҳамбатни худро ошкор накардаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, аз оғози соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 37 ҳолат баробар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.