Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) аз фаъолият ва тадбирҳои андешидаи ҳукумат дар самти ба узвияти СҶТ пазируфтани Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали ҳамин ҳафта ҳайати СҶТ таҳти сарварии роҳбари Котиботи СҶТ оид ба масоили узвият ба созмон Шейду Осакве бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар назар аст, ки Шейду Осакверо сарвари давлат ба ҳузур мепазирад. Зимни мулоқоти ҳайати СҶТ бо президенти Тоҷикистон баррасии масоили марбут ба узвияти кишвар ба ин созмон дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 26-уми октябри соли равон дар иҷлосияи навбатии Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар Женева гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СҶТ як бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба узвияти ҷумҳурӣ ба ин созмонро қабул кард. Бастаи ҳуҷҷатҳо аз маҷмӯи уҳдадориву ҳуқуқҳо, рӯйхати уҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи маҳсулот ва сатҳи дастгирии бахши кишоварзӣ, номгӯи уҳдадориҳо оид ба хизматгузорӣ, санади ҳамроҳшавӣ ва лоиҳаи қарори Шӯрои генералии СҶТ иборат мебошанд.
Он замон зикр гардида буд, ки дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои генералии СҶТ, ки моҳи декабр дар назар аст, ба Тоҷикистон баҳри узвият ба ин созмон давъати расмӣ карда мешавад. Сипас тасдиқсозии ин бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби парлумони кишвар зарур аст.
Интизорӣ меравад, ки барои анҷоми ин корҳо ба Тоҷикистон ҳудуди шаш моҳ муҳлат зарур меояд. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон пас аз 12 соли оғози гуфтушунидҳо нимаи соли оянда узви комилҳуқуқи СҶТ мешавад, ки айни замон 157 кишвари ҷаҳонро муттаҳид менамояд.
Қобили зикр аст, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳавасамандии кишвар ба узвият дар СҶТ дар фурсатҳои наздиктарин ибрози андеша намуда буд. Мувофиқи мактуб-дархости кишвар дар моҳи июни соли 2011 Шӯрои генералии СҶТ ба Тоҷикистон мақоми нозирро дода, дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард.





