Талаби имтиёз ба субъектҳои хоҷагидории Русия дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Русия то ҳанӯз оид ба чанде аз бандҳои Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба мувофиқа расида наметавонанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали моҳи равон дар вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати энергетикаи Русия бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаи ҷонибҳо лоиҳаи созишнома […]

Пайрав Чоршанбиев


Тоҷикистону Русия то ҳанӯз оид ба чанде аз бандҳои Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба мувофиқа расида наметавонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали моҳи равон дар вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати энергетикаи Русия бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаи ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дубора тасҳеҳ шуда, вале ҷонибҳо аз рӯи чанде аз бандҳо, аз ҷумла муҳлати оғози амали созишнома, манъи воридоти дубораи маҳсулоти нафтии истеҳсоли Русия аз кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ (реимпорт) ва ҳамчунин таъмини дахолатнопазирӣ ва имтиёзот ба субъектҳои хоҷагидории Русия дар қаламрави ҶТ ба созиш омада натавонистаанд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи банди шашуми созишнома, аз ҷониби Русия Тоҷикистон ҳамасола дар ҳаҷми 1 млн. тонна бо маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ таъмин карда мешавад, ки набояд дубора ба кишварҳои сеюм содирот (реэкспорт) гарданд.

«Соли оянда талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ 1 млн. 605 ҳазор тоннаро ташкил дода, 1 млн. тонна аз Русия ва 605 ҳазор тоннаи боқимонда аз кишварҳои дигар ворид карда хоҳад шуд, ки маҳсулоти нафтиашон хушсифат ва аз ҷиҳати арзиш қобили қабул бошанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз имзои созишнома, ширкатҳои машғул ба воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон дар асоси рақобатпазирии солим ва бидуни монеъа метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.