Ба харакати нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол» иҷозат дода шуд

Date:


            Душанбе. 30-уми октябр – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол», ки маркази кишварро бо вилояти Суғд, дар шимол, мепайвандад, аз сар гирифта шудааст.





           

Ду моҳ қабл ба манзури таъмирим системаи тасфияи ҳаво ва рушноӣ ва ҳамчунин рафъи обҳои зиёди зеризаминӣ дар тунели «Истиқлол», ҳаракати нақлиёт дар ин тунел мутаваққиф шуда буд.




           

Дар ин муддат ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд аз тариқи ағбаи Анзоб, ки беш аз


50 км

тӯл дорад, сурат мегирифт.




           

Аммо масъулони вазорат мегӯянд, ҳамакнун ба дунболи бориши барф дар ин ағба, ки хатаротеро барои васоили ҳамлу нақл эҷод кардааст, давлат тасмим гирифт, ки ҳамлу нақл ва рафтуомад тавассути тунели «Истиқлол» сурат бигирад.




           

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши борону барф дар манотиқи куҳистонӣ, бахусус дар ағбаи Анзоб, то ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт ва хатари резиши тарма вуҷуд дорад. Ба ин далел, масъулони вазорат мегӯянд, ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ағбаи Анзоб мамнӯъ шудааст.




           

Ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов, масъули умури тарҳхои мавриди иҷро дар вазорат, ҳамзамон бо ҳаракати васоили ҳамлу нақл аз тариқи тунели «Истиқлол» умури сохтмонӣ дар ин лоиҳа низ ҷараён дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...