Дар даҳаи аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешаванд

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон 9-уми ноябр оғоз хоҳанд гашт.   Тавре аз вазорати фарҳанги мамлакат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати меҳмононро иборат аз 73 нафар, вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абдулфас Гароев раҳбарӣ хоҳад кард. Ба иттилоъи манбаъ, ба ҳайати мазкур ҳамчунин дромнависи машҳури озарӣ Алӣ Амирлӣ, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон 9-уми ноябр оғоз хоҳанд гашт.

 





Тавре аз вазорати фарҳанги мамлакат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати меҳмононро иборат аз 73 нафар, вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абдулфас Гароев раҳбарӣ хоҳад кард.



Ба иттилоъи манбаъ, ба ҳайати мазкур ҳамчунин дромнависи машҳури озарӣ Алӣ Амирлӣ, оҳангсоз Элдар Мансуров ва ғайраҳо шомиланд. Дар доираи чорабинии чаҳоррӯза, дар Душанбе консерти устодони санъати Озарбойҷон, намоишгоҳҳои аккосиву санъати ороишӣ-амалӣ баргузор хоҳад гашт.



Маврид ба ёдоварист, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 16-ум то 20-уми октябри соли равон дар шаҳри Боку гузаронида шуданд. Мувофиқа дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Боку ва Озарбойҷон дар Душанбе, дар ҷараёни вохӯрии руасои ҷамоҳири кишварҳо Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи боздиди расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар моҳи августи соли 2007 ҳосил шуда буд.

  



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.