Санҷиши вазъи анборҳои захираи нафти Тоҷикистон

Ширкати байнулмилалии Wakefield Inspection Services (WFS) Ltd., ки дар саросари ҷаҳон хизматгузориии нозироти анборҳои захираи нафтро анҷом медиҳад, вазъи анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санҷиш дар доираи қарордоди ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии исломии тиҷоративу […]

Заррина Эргашева


Ширкати байнулмилалии Wakefield Inspection Services (WFS) Ltd., ки дар саросари ҷаҳон хизматгузориии нозироти анборҳои захираи нафтро анҷом медиҳад, вазъи анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санҷиш дар доираи қарордоди ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ (ITFC), узви Гурӯҳи Бонки исломии рушд сурат гирифт.

Директори генералии IFTC Валид Ал-Воҳаиб изҳор кардааст, ки Корпоратсияи байнулмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои маблағгузории воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ 40 млн. $ қарзи тичоратӣ ҷудо мекунад.

Ба қавли ӯ, созишномаи қарзии мазкур як қисмате аз стратегияи корпоратсия оид ба афзоиши ҳаҷми маблағгузории тиҷоратӣ ба кишварҳои узви ИДМ мебошад. «Имрӯз Тоҷикистон ба иллати мавқеи ҷуғрофӣ ба камбуди захираҳои маводи сӯзишворӣ дучор гардида, ба туфайли имзои созишномаи мазкур, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар танзим ва талабот ба он қонеъ хоҳад шуд», – иброз доштааст номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 4 адад анбори бузурги давлатии таъиноти стратегии захираи маҳсулоти нафтӣ вуҷуд доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.