Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нақлиёти ҷумҳурӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори дигар эрод гирифта шуд. Ба ин шӯро намояндагони Додситонӣ дар нақлиёт, Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонии ҷумҳурӣ ва мутахассисони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шомиланд.
Ба гуфтаи сухангӯи додситонӣ дар нақлиёти ҷумҳурӣ Оқилҷон Султонқулов, моҳи сентябри соли ҷорӣ барои санҷиши фаъолияти кормандони роҳи оҳан дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Саратов-Москва-Душанбе аз ҳисоби аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз комиссия таъсис дода шуда буд. Аъзои комиссия санҷиши шароитҳои ҳамлу нақли мусофирон ва сатҳи хизматрасониро мавриди санҷиш қарор доданд.
«Дар ҷаласа аъзои комиссия дар мавриди натиҷагирӣ аз санҷиш изҳор доштанд, ки феълан ҳолати вагонҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои санитариву гигиенӣ нестанд ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон паст аст, – зикр кард манбаъ, – Дар хатсайр ҳолатҳои бидуни чипта ба қатора савор кардани мусофирон, тафтиши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо ва борхалтаҳои муофирон ва муносибати дағалона аз ҷониби кормандони роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ҷой доранд».
Иштирокдорони ҷаласа ба хулосае расиданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд.
Тасмим гирифта шуд, ки асноди зикри камбудиву норасоиҳо ва тавсияву пешниҳодҳои шӯро ҷиҳати бартараф сохтани онҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд шуд. «Масоиле, ки ҳалли он бо иштироки кишварҳои хориҷӣ имкон дорад, бояд дар сатҳи Вазорати умури хориҷии кишвар ҳаллу фасл гардад», – афзуд манбаъ.


