Аз фаъодияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори дигар эрод гирифта шуд

            Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нақлиёти ҷумҳурӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори дигар эрод гирифта шуд. Ба ин шӯро намояндагони Додситонӣ дар нақлиёт, Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонии ҷумҳурӣ ва мутахассисони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нақлиёти ҷумҳурӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори дигар эрод гирифта шуд. Ба ин шӯро намояндагони Додситонӣ дар нақлиёт, Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонии ҷумҳурӣ ва мутахассисони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шомиланд.





           

Ба гуфтаи сухангӯи додситонӣ дар нақлиёти ҷумҳурӣ Оқилҷон Султонқулов, моҳи сентябри соли ҷорӣ барои санҷиши фаъолияти кормандони роҳи оҳан дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Саратов-Москва-Душанбе аз ҳисоби аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз комиссия таъсис дода шуда буд. Аъзои комиссия санҷиши шароитҳои ҳамлу нақли мусофирон ва сатҳи хизматрасониро мавриди санҷиш қарор доданд.




           

«Дар ҷаласа аъзои комиссия дар мавриди натиҷагирӣ аз санҷиш изҳор доштанд, ки феълан ҳолати вагонҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои санитариву гигиенӣ нестанд ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон паст аст, – зикр кард манбаъ, – Дар хатсайр ҳолатҳои бидуни чипта ба қатора савор кардани мусофирон, тафтиши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо ва борхалтаҳои муофирон ва муносибати дағалона аз ҷониби кормандони роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ҷой доранд».




           

Иштирокдорони ҷаласа ба хулосае расиданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд.




           

Тасмим гирифта шуд, ки асноди зикри камбудиву норасоиҳо ва тавсияву пешниҳодҳои шӯро ҷиҳати бартараф сохтани онҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд шуд. «Масоиле, ки ҳалли он бо иштироки кишварҳои хориҷӣ имкон дорад, бояд дар сатҳи Вазорати умури хориҷии кишвар ҳаллу фасл гардад», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.