Данғара: Зане аз рашк шавҳарашро оташ зад

Дар яке аз кӯчаҳои канори шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон як ҷавонзани модари се фарзанд шавҳарашро ба ҳалокат расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, зани гумонбаршуда дастони шавҳарашро баста, ба сару танаш керосин мерезад ва ӯро оташ мезанад. «Ба эҳтимоли ҳамсоягон, ин куштор аз рашк сурат гирифтааст, зеро қабл […]

Турко Дикаев


Дар яке аз кӯчаҳои канори шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон як ҷавонзани модари се фарзанд шавҳарашро ба ҳалокат расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, зани гумонбаршуда дастони шавҳарашро баста, ба сару танаш керосин мерезад ва ӯро оташ мезанад. «Ба эҳтимоли ҳамсоягон, ин куштор аз рашк сурат гирифтааст, зеро қабл аз ин амал зан дидааст, ки чӣ гуна ҳамсараш бо як зане, ки дар маҳалла сабукпояш мепиндоранд, суҳбат доштааст», – гуфт сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти дармонгоҳи бемориҳои рӯҳӣ, ин зан каме бемории рӯҳӣ дошта, таҳти назорат ва муолиҷаи табибони равоншинос қарор доштааст, вале ба бистарӣ намудани ӯ эҳтиёҷе набудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.