Мусодираи ҳудуди 8 кило героин дар вилояти Суғд

Чанде қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 8 кило маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин мусодира гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон», автомашинаи тамғаи «Субару-Легаси»- мутааллиқ ба сокини 42-солаи пойтахт Абдувосӣ Хоҷаев боздошт шудаст. «Ҳангоми кофтукови […]

Мавлуда Рафиева


Чанде қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 8 кило маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон», автомашинаи тамғаи «Субару-Легаси»- мутааллиқ ба сокини 42-солаи пойтахт Абдувосӣ Хоҷаев боздошт шудаст.

«Ҳангоми кофтукови автомашинаи мазкур аз дохилаш 7 килою 630 грамм маводи нашъадори «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт вай.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 200, қ 4-и КҶ ҶТ (Муомилаоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати АНМН-и назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 10 моҳи соли равон кормандони тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 455 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 519 кило баробар буд.

Гуфта мешавад, аз ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда зиёда аз 92 килояшро героин, беш аз 338 килояшро ҳашиш ва беш аз 25 килояшро афюн ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.