Ба «Тоҷик Эйр» аз Украина кӯмак дархост шуд

Ҳафтаи равон вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов намояндагони  сафорати  Украина дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Зимни  мулоқот ҷонибҳо  масъалаи ба роҳ мондани  ҳамкориҳои  дуҷониба  дар соҳаи нақлиёти ҳавоиро баррасӣ намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор қайд намуд, ки  чанде қабл бо вазири саноат ва энергетикаи ҶТ […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳафтаи равон вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов намояндагони  сафорати  Украина дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Зимни  мулоқот ҷонибҳо  масъалаи ба роҳ мондани  ҳамкориҳои  дуҷониба  дар соҳаи нақлиёти ҳавоиро баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор қайд намуд, ки  чанде қабл бо вазири саноат ва энергетикаи ҶТ Тоҷикистон  Шералӣ Гулов  мулоқот  дошта, якчанд  мушкилотро ҳаллу фасл намудаанд.

«Кунун тасмим  гирифтем,  ки  ҳамкорӣ  бо Вазорати  нақлиётро  низ  густурда гардонем. Дар   воситаи  нақлиёт ва  хусусан дар  соҳаи  нақлиёти ҳавоӣ,  чӣ  мушкилот  дошта бошед, мо кӯшиш мекунем  ба  шумо ёрии  молиявӣ ва техникӣ расонем. Дар соҳаҳои дигар низ ба хотири ҳамкорӣ  омодаем», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов пешниҳоди меҳмононро хуш пазируфта, иброз дошт, ки мушкилоти  асосии мо ҳозир дар будубоши ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик  Эйр» аст, зеро парки тайёраҳои он ба таҷдиду мукаммалшавӣ ниёз дорад. «Бо итминон метавон гуфт, ки масъулини мо  дар ин кор бо шумо ҳамкории зич хоҳанд кард», – иброз дошт вазир.

Қаблан вазири нақлиёти ҷумҳурӣ чандин маротиба аз фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ изҳори нигаронӣ намуда, дар яке аз ҷаласаҳо изҳор дошта буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон дар се фурудгоҳи кишвар 1 ҳазору 110 ҳодисаи мавқуф гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо бо сабабҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ мавриди интиқоди мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Муҳаммад Ҳабибов низ қарор гирифта буданд. Ҳабибов аз ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳо баъзан ҳатто ба муддати як шабонарӯз, таъмини амнияти парвозҳо ва сифати ғизои дохили ҳавопаймоҳо изҳори нигаронӣ намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аввали ҳамин моҳ директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов аз мансаб сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ собиқ муовини вазири накиёти ҷумҳурӣ Фирӯз Ҳамроев директори генералии ширкат таъин шуд.

Айни замон дар парки ҳавопаймоии ширкати «Тоҷик Эйр» як ҳавопаймои Боинг 757-200, ду Боинг 737-500, як Боинг 737-300, ду Ту-154М, як Ан-24, як Ан-26, ду Ан-28, як Як-40, як МА-60 ва се чархболи Ми-8МТВ мавриди истифода қарор дошта, мақомоти раҳбарии ширкат имконоти воқеии таҷдиди парки ҳавопаймоҳо аз ҳисоби техникаи муосири ғарбиро дар назар дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, феълан дар кишвар дар баробари ширкати ҳавопаймоии давлатӣ боз се ширкати ҳавопаймоии хусусӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ онҳо 73 адад ҳавопаймо дар ихтиёр доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.