Оғози гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба воридоти гази табиӣ

Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба воридоти гази табиӣ аз ин кишвар дар соли 2013 оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, ин гуфтушунид нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, алҳол дар сатҳи корхонаҳои мамарбутаи «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ҷараён доранд. «Мо ба дархостҳои худ аз ҷониби Ӯзбекистон саривақт посух гирифта, боварӣ дорем, ки […]

Заррина Эргашева


Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба воридоти гази табиӣ аз ин кишвар дар соли 2013 оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, ин гуфтушунид нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, алҳол дар сатҳи корхонаҳои мамарбутаи «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ҷараён доранд. «Мо ба дархостҳои худ аз ҷониби Ӯзбекистон саривақт посух гирифта, боварӣ дорем, ки гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ низ муваффақона анҷом мепазиранд», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ҳукумат бо ишораи ҳаҷми воридоти газ дар соли оянда мактуби расмӣ ирсол намудааст. «Ин ҳаҷм тақрибан 200 млн. метри мукааб аст, вале он шояд аз ҷониби ҳукумат камтар карда шавад, зеро тайи солҳои ахир ҷумҳурӣ воридоти газро ба таври назаррас коҳиш дода, ба иллати болоравии нархи он, талабот ба гази табиӣ низ ба таври қобили мулоҳиза поин рафт», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Нархи муқаррашуда дар соли 2013 ҳанӯз мушаххас нест.

Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.