Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба воридоти гази табиӣ аз ин кишвар дар соли 2013 оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, ин гуфтушунид нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, алҳол дар сатҳи корхонаҳои мамарбутаи «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ҷараён доранд. «Мо ба дархостҳои худ аз ҷониби Ӯзбекистон саривақт посух гирифта, боварӣ дорем, ки гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ низ муваффақона анҷом мепазиранд», – гуфтанд дар корхона.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ҳукумат бо ишораи ҳаҷми воридоти газ дар соли оянда мактуби расмӣ ирсол намудааст. «Ин ҳаҷм тақрибан 200 млн. метри мукааб аст, вале он шояд аз ҷониби ҳукумат камтар карда шавад, зеро тайи солҳои ахир ҷумҳурӣ воридоти газро ба таври назаррас коҳиш дода, ба иллати болоравии нархи он, талабот ба гази табиӣ низ ба таври қобили мулоҳиза поин рафт», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Нархи муқаррашуда дар соли 2013 ҳанӯз мушаххас нест.
Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.





