Шурӯъ аз оғози соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 адад вагони боркаши истеҳсоли Украинаро дастрас намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори корхона Владимир Собкалов хабар дод, айни замон боз 10 вагони дигар дар роҳ буда, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
«То охири сол мо воридоти боз 25 вагони боркаш, 15 вагони мусофирбар аз корхонаи Крюково ва 2 локомотиви истеҳсоли Қазоқистонро интизорӣ дорем. Маблағи қарордодҳо дар ин хусус сирри тиҷоратӣ аст», – гуфт номбурда.
Қобили зикр аст, ки феълан КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 2 ҳазор адад вагонҳои боркаш, 424 адад вагонҳои мусофирбар ва 55 адад тепловозро дар ихтиёр дорад.



