Хуҷанд: Боздошти духтари 20-солаи аз ҷойи садама ғайбзада

Date:


Дар шаҳри Хуҷанд духтари 20-солае боздошт гардид, ки бо автомашинааш раҳгузареро пахш намуда, аз ҷойи ҳодсаи ғайб зада буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон зимни ҳаракат дар роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғааш номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 30-солаи шаҳрро, ки дар канори роҳ қарор дошт, пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

«Ронанда дарҳол ҷойи ҳодисаро тарк намуда, ба Д.Шамсиддинови осебдида кӯмак нарасонид ва баъдан ахирӣ ба бемористон мунтақил гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, баъди муддати начандон зиёд ба гумони даст доштан дар ин амал ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», ҷавонзани 20-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мадина Холбекова боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки бобати нисбати боздоштшуда боз кардани парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дар ҳолати хатарнок гузоштани ҷабрдида чораҷӯӣ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...