Оғози аксияи мубориза алайҳи зӯроварии хонаводагӣ

Date:


Имрӯз дар кинотеатри «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи «Авеста» маросими оғози аксияи ҷумҳуриявии «16 рӯз бидуни зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Соли равон маъракаи мазкур таҳти шиори «Аз созиш дар хонавода то ба сулҳ дар саросари ҷаҳон» сурат мегирад.

Дар доираи чорабинии мазкур имрӯз ҳамчунин намоишгоҳи маснуъоти косибӣ ва маҳсулоти кори дасти занони шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки аксия рӯзи якшанбе, 25-уми ноябр оғоз гардида, то 10-уми декабр идома меёбад. Давоми 16 рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун созмон дода мешаванд. Маъракаи мазкур ҳамасола ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир ва дастгирии чорабиниҳо оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ гузаронида мешавад.

«Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) аз ҷониби ширкати олмонии GOPA дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мавриди амал қарор дошта, доир ба беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти зӯроварии оилавӣ сурат мегирад», – баён мегардад дар иттилоияи нашршудаи созмондиҳандагони чорабинӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дастгирии пешбурду мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ аз ҷумлаи аҳдофи чорабинӣ ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...