Facebook дар Тоҷикистон боз дастнорас шуд

Як қатор ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии Facebook-ро қатъ намуданд. Гуфта мешавад, ин амал бо супориши шифоҳии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сурат гирифта, вале аз ҷониби хадамоти мазкур он ба ҳеҷ гунае  шарҳ дода намешавад. Бино ба маълумоти як сарчашами ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет, ба чанде […]

Меҳрангез Турсунзода


Як қатор ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии Facebook-ро қатъ намуданд. Гуфта мешавад, ин амал бо супориши шифоҳии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сурат гирифта, вале аз ҷониби хадамоти мазкур он ба ҳеҷ гунае  шарҳ дода намешавад.

Бино ба маълумоти як сарчашами ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет, ба чанде аз ширкатҳо шоми дирӯз ин супориш расида, дастрасӣ ба Facebook-р қатъ намудаанд, вале дар ҳамин ҳол, чанд ширкати дигар ба иҷрои супориши Хадамоти алоқа  имрӯз ҳам шитоб надоранд.

Сабаби ба чунин амал даст задани идораи Бег Зуҳуров на ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет маълум асту на ба журналистон.

Ёдрас мекунем, ки ин бори дуюм аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи Facebook қатъ мегардад. Бори нахуст 3-уми майи соли равон Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет даъват ба амал оварда буд, ки дастрасӣ натанҳо ба торнамои Facebook, балки ба чанде аз дигар сомонаҳо, аз қабили Zvezda.ru, Tjknews.com ва Maxala.org-ро низ қатъ созад, вале баъди як ҳафта дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ барқарор шуда, шумори корбарони шабака ба маротиб афзуд. Тӯли соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳамчунин якчанд маротиба дастрасӣ ба сомонаи news.tj (ОИ «Азия-Плюс») низ қатъ гардида, торнамоҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, оҷонсии «Озодагон», видеохостинги You Tube ва ғайра мавриди ин амали Хадамоти алоқа қарор гирифта буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.