Рӯзҳои ид дар Тоҷикистон зиёд мешаванд

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти МН МО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» қарор қабул шуд, ки он рӯзи чоршанбеи ҳафтаи […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти МН МО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» қарор қабул шуд, ки он рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон (28-уми ноябр) дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи тағийроти пешниҳодшуда, минбаъд ҳамасола санаи 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад. Рӯзи истироҳат дар ин сана пешбинӣ нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», тасҳеҳот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ ва қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ», «Дар бораи нафақаҳои бимавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.