Amnesty International: Ба таъқиби ТҒД хотима мебояд бахшид

Дар Изҳороти нави Созмони афви Байнулмилал (Amnesty International), ки рӯзи 23-юми ноябр интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон фаъолияти Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қатъ намуданд, ки ин амал ангезаи сиёсӣ дорад. Amnesty International бар ин назар аст, ки «Ампаро»-ро барои ҷамъоварӣ ва нашри маълумот дар бораи шиканҷаву дигар кирдори бераҳмона нисбати наваскарон ва даъватшавандагон […]

ASIA-Plus


Дар Изҳороти нави Созмони афви Байнулмилал (Amnesty International), ки рӯзи 23-юми ноябр интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон фаъолияти Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қатъ намуданд, ки ин амал ангезаи сиёсӣ дорад.

Amnesty International бар ин назар аст, ки «Ампаро»-ро барои ҷамъоварӣ ва нашри маълумот дар бораи шиканҷаву дигар кирдори бераҳмона нисбати наваскарон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ «гунаҳкор» донистаанд.

«Қатъи фаъолияти ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ бо баҳонаи «қонуншикании маъмурӣ» хусусияти аслии уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии озодии баён ва маҷлисҳоро зери шубҳа мегузорад», – гуфтааст муовини директори барномаи Amnesty International дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Давид Диаз-Жоде.

Созмони Афви байнулмила ҳамчунин аз расидани хабар дар бораи зери таҳдиди манъи фаъолият қарор доштани боз ду созмони ғайриҳукуматӣ дар вилояти Суғд – ТҒД «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Аксент» низ изҳори нигаронӣ менамояд, ки ин ташкилотҳо низ ба қонуншикании маъмурӣ «муттаҳам» дониста мешаванд.

«Ба таъқиби ташкилотҳои ғайридавлатӣ хотима мебояд бахшид. Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд ба фаъолияти озодонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар ва бидуни таъқиб кафолат диҳанд», – зикр мегардад дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.