Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Давраи таҷрибаомӯзии адвокатҳо барои кӯмак баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти ҷомеаи кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир гардид, ба итмом расид. Давраи таҷрибаомӯзӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Тавре ба ОИ […]

Наргис Ҳамробоева


Давраи таҷрибаомӯзии адвокатҳо барои кӯмак баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти ҷомеаи кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир гардид, ба итмом расид. Давраи таҷрибаомӯзӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов хабар дод,  тӯли 4 моҳ дар заминаи қабулгоҳи ҳуқуқии созмон 5 нафар ҳимоятгарони ташкилотҳои гуногун аз давраи таҷрибаомӯзӣ гузаштанд.

«Дар машғулиятҳои назариву амалӣ масоили таълим ва риояи меъёрҳои милливу байнулмилалӣ дар бахши озодӣ аз шиканҷа, вижагиҳои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҳимояи манофеъи онҳо, таҳияи дурусту саҳеҳи асноди мурофиавӣ ва баргузор намудани таҳлили парвандаҳои ҷиноии марбут ба ин ҳолатҳо мавриди омӯзишу амал қарор гирифтанд», – гуфт вай.

Романов мегӯяд, ҳанӯз чанде қабл норасоии ҳимоятгарон барои ҳифзи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ба мушоҳида мерасид ва имрӯз аллакай шумори онҳо чандин нафарро ташкил медиҳад. «Давраҳои омӯзишии ба ин монанд дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.