Идомаи корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав 1п»

Дар чоҳи нафтугаздори «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиш, ки дар 36 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст, корҳои пармакунӣ идома доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, ба санаи 26-уми ноябр чуқурии пармашуда дар чоҳ ба 5 ҳазору 360 метр расида, анҷоми пурраи корҳои пармакунӣ дар чоҳи мазкур ахири […]

Заррина Эргашева


Дар чоҳи нафтугаздори «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиш, ки дар 36 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст, корҳои пармакунӣ идома доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, ба санаи 26-уми ноябр чуқурии пармашуда дар чоҳ ба 5 ҳазору 360 метр расида, анҷоми пурраи корҳои пармакунӣ дар чоҳи мазкур ахири соли равон дар назар аст. Тибқи нақша, чуқурии пурраи ин чоҳ ба 6 ҳазору 300 метрро ташкил хоҳад дод.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон КМ «Сомон Ойл» (Тоҷикистону Швейтсария), Tethys Petroleum (Канада), КМ «Петролиум Суғд» (Тоҷикистону Австрия) ва ширкатҳои ватании ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», Ҷдмм «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶДММ «Ҳалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурималик» ва ҶДММ «Абадӣ» низ ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.