Оғози татбиқи лоиҳаи нави Бунёди Оғо Хон дар Хатлону ВМКБ

Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон ба амалисозии лоиҳаи нави «Мутолиаи оилавӣ барои кӯдакон дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшид. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғо Хон дар заминаи таҷрибаи муваффақи чунин лоиҳа, ки аз соли 2010 дар ВМКБ санҷидаву амалӣ мегардад, татбиқ мешавад. Тавре […]

Пайрав Чоршанбиев


Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон ба амалисозии лоиҳаи нави «Мутолиаи оилавӣ барои кӯдакон дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшид.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғо Хон дар заминаи таҷрибаи муваффақи чунин лоиҳа, ки аз соли 2010 дар ВМКБ санҷидаву амалӣ мегардад, татбиқ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, лоиҳа дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликӯл, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Мӯминобод ва Ховалинг) ва се ноҳияи ВМКБ (Рӯшон Роштқалъа ва Ишкошим) амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакони синнусоли томактабӣ ба мутолиаи китобҳои шавқовар, беҳбуди қобилияти хондану навиштан, забондониву саводнокӣ ва фикрронии онҳо мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи таҳсили онҳо дар зинаҳои дигари таълим заминаи боэътимод мегузорад.

Менеҷери Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли ду соли давраи татбиқи лоиҳа 246 адад китобхонаҳои хурд таъсис дода шуда, ҳудуди 300 номгӯйи китобҳои нав барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ба нашр хоҳанд расид. «Дар маҷмӯъ лоиҳа ба наздики 15,7 ҳазор падару модарон дар таълими фарзандон ва 26, 2 ҳазор нафар кӯдакон дар омодагӣ ба таҳсил кӯмак хоҳад расонид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.