Баррасии мушкилоти журналистикаи муосири тоҷик

Дар конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Мушкилоти матбуоти давраи истиқлолият», ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, вазъи журналистикаи муосири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Сангин Гулов хабар дод, дар ҷараёни конфронс олимон ва журналистон атрофи масоили муҳими назарияи журналистика, таҷдиди роҳҳои таълим ва омодасозии […]

Маҳпора Киромова


Дар конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Мушкилоти матбуоти давраи истиқлолият», ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, вазъи журналистикаи муосири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Сангин Гулов хабар дод, дар ҷараёни конфронс олимон ва журналистон атрофи масоили муҳими назарияи журналистика, таҷдиди роҳҳои таълим ва омодасозии кадрҳои ҳирфаӣ, вазифаҳои асосии журналистика, дурнамои рушд ва сатҳи таъсири он ба ҷомеа табодули назар карданд.

Ба қавли Гулов, журналистикаи муосири тоҷик то ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, ҳарчанд ҳамасола факултаи журналистикаи макотиби олии кишварро беш аз 200 нафар рӯзноманигорони ҷавон хатм кунанд ҳам, мушкилоти норасоии журналистони соҳибкасб боқӣ мемонад, зеро сатҳи таълим ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кайҳо зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таҳсили журналистика фаро расидааст.

«Ҳарчанд дар факултаи журналистикаи ДМТ ҳанӯз соли 2010 ба маблағи 117 ҳазор доллари ИМА студияҳои таълимии радио ва телевизион таъсис дода шуда бошанд ҳам, омӯзгорон то ҳол аз тарзи истифодаи баъзе навъҳои техникаи муосир огаҳӣ надоранд», – мегӯяд Гулов.

Ба иттилои номбурда, айни замон аз ҷониби донишҷӯён барои шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо танҳо як барнома таҳти унвони «Паёми донишгоҳ» таҳия мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бо хатми мактаби олӣ донишҷӯён бояд аз тамоми паҳлӯҳои касби худ огоҳии хуб дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.