Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон

Пас аз пешниҳоди Гузориши 2-юми ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, аз ҷониби ин Кумита ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла Кумита аз чораҳои қонунгузорӣ нисбат ба пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа ва муқаррар намудани ҷазо ба онҳо ва ворид гардидани моддаи алоҳидаи шиканҷа дар қонун истиқбол намуда, дар баробари […]

Наргис Ҳамробоева


Пас аз пешниҳоди Гузориши 2-юми ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, аз ҷониби ин Кумита ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Аз ҷумла Кумита аз чораҳои қонунгузорӣ нисбат ба пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа ва муқаррар намудани ҷазо ба онҳо ва ворид гардидани моддаи алоҳидаи шиканҷа дар қонун истиқбол намуда, дар баробари ин тавсия медиҳад, ки ба ин модда тағийрот ворид карда шавад, то ки ҷазо барои шиканҷа сатҳи вазнинии онро ифода намуда, ба талаботи моддаи 4-и Конвенсияи зидии шиканҷа мутобиқат дошта бошад.

Аъзои Кумита ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки соли 2011 Қонун дар бораи афв ба мақомоти прокуратура ҷиҳати озод кардан, сабук намудани ҷазо ва коҳиши муҳлати ҷазои гунаҳкорон барои шиканҷа ваколатҳои зиёд дод.

«Қонун дар бораи афв бояд муқаррароти дақиқеро дар бар дошта бошад, ки дар он ҳеҷ як шахси барои истифодаи шиканҷа маҳкумшуда набояд аз ҳуқуқи истифода аз афв ҳуқуқ дошта бошад ва инро бояд кишвари узви Конвенсия таъмин кунад», – зикр мегардад дар яке аз тавсияҳо.

Ҳамчунин аз марги маҳбусону боздоштшудагон зимни боздошт ё дар муассисаи ислоҳӣ низ изҳори нигаронӣ шуда, баргузории тафтишоти саривақтӣ, беғаразона ва дақиқи ҳодисаҳои марбут ба шиканҷа ва кирдори бераҳмона дархост шудаву ба муҷозот кашидани масъулону гунаҳкорони ин ҳодисаҳо ва пардохти ҷуброн ба оилаҳои ҷабрдидагон тавсия мешавад.

Ҳамчунин Кумита аз кишвари узв дархост мекунад, ки дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву марги маҳбусон дар муасисаҳои ислоҳӣ ва сабабу натиҷаҳои тафтишоти он саривақт маълумоти ҳамаҷониба пешкаш карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.