Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нақлиёти шаҳрӣ»

Зимни як ҷаласаи васеъ дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ муовини вазири нақлиёт Худоёр Худоёров изҳор кард, ки ояндаи наздик Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи соҳа лоиҳаи  қонун «Дар бораи нақлиёти шаҳрӣ»-ро таҳия  ва барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Дар ин робита Худоёров аз мақомоти дахлдор даъват кард, ки дар наздиктарин фурсат  пешниҳодҳои хешро […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни як ҷаласаи васеъ дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ муовини вазири нақлиёт Худоёр Худоёров изҳор кард, ки ояндаи наздик Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи соҳа лоиҳаи  қонун «Дар бораи нақлиёти шаҳрӣ»-ро таҳия  ва барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод мекунад.

Дар ин робита Худоёров аз мақомоти дахлдор даъват кард, ки дар наздиктарин фурсат  пешниҳодҳои хешро омода карда, ба вазорат дастрас намоянд.

«Имрӯз нуқсу камбудиҳо дар соҳаи хидмати мусофирбарии шаҳр зиёд буда, бидуни ҳамкориву ҳамбастагии ниҳодҳои мухталифи марбута бартараф намудани онҳо амри маҳол аст», – гуфт вай.

Ба қавли муовини вазири нақлиёт, пеш аз ҳама худи ҷамъиятҳои мусофирбарӣ дар ин кор муваззаф ҳастанд ва то замоне, ки васоити нақлиётро дар базаҳои ширкатҳо ҷамъ наоваранд, дар хатсайрҳои хеш бо бегонаҳо  рақобати амалиро ба роҳ намонанд, ба тартиби кори онҳо  таъсир расонида наметавонанд.

«Ақаллан 30 фоизи нақлиёт бояд дар база гирд оварда шавад, то дар мавриди қиёми мусофирбарӣ (час пик) сафарбар гарданд. Агар ронанда ба база наояд, роҳхату муоинаи техникию тиббиро дар кӯча мӯҳр кунад, ширкат чӣ медонад, ки вай  он рӯз дар чӣ ҳол будааст, маст ё ҳушёр, сиҳат ё бемор, чанд бор сафар кардаву чанд сомонӣ кор карда?», – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки дар бахши мусофирбарӣ ронандагони собиқаи корӣ надошта, ҷавонони навраси бетаҷриба, саломатиашон зайиф, бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ низ роҳ ёфтаанд. «Мо ҳама сокинони пойтахтем, шаҳри худро дӯст медорем, умрамон дар ин ҷо мегузарад, чаро раво мебинем, ки баъзе ашхоси бетарбият обрӯю имиҷи шаҳрамонро паст зананд», – афзуд Худоёров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.