Ирсоли парвандаи садамаи журналист ба Прокуратураи генералӣ

Парвандаи ҷиноӣ оид ба далели садамаи нақлиёт, ки дар он журналисти хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари журналист Фахриддин Зокиров хабар дод, парвандаи ҷиноӣ нисбати Насрулло Шарифов мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) боз шудааст. […]

Меҳрангез Турсунзода


Парвандаи ҷиноӣ оид ба далели садамаи нақлиёт, ки дар он журналисти хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари журналист Фахриддин Зокиров хабар дод, парвандаи ҷиноӣ нисбати Насрулло Шарифов мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) боз шудааст.

Ҳимоятгар мегӯяд, айбдоршаванда ҳанӯз соли 2008 барои дар садама ба ҳалокат расидани ҷабрдида тибқи ин модда ба ҷазои се соли сукунати озод маҳкум шуда, вале ин дафъа маҳрум кардан аз озодии ӯро талаб хоҳанд кард, зеро дар моддаи 212-и зикршуда аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳимоятгари дигари журналист Саидбек Фозилов мегӯяд, ташхиси воситаи нақлиёт хисороти ба он расидаро дар ҳаҷми 20 ҳазору 363 сомонӣ (ҳудуди 4,3 ҳазор $) муайян карда, маблағи табобати журналист дар Маркази миллии тиббӣ 17 ҳазору 352 сомонӣ (беш аз 3,6 ҳазор $) ва 12 рӯз дар дармонгоҳи «Ибни Сино» 8 ҳазору 157 сомонӣ (1,7 ҳазор $)-ро ташкил додааст. «Пас аз содир шудани ҳукми суд, мо ният дорем, ки барои ҷуброни хисороти моливу маънавӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод намоем», – гуфт ӯ.

Айни замон Искандари Фирӯз дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи «Ибни Сино» қарор дорад. Ба қавли табибон, вазъи солимии ӯ ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ оварда, ояндаи наздик пойҳои ӯ ҷарроҳӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.