Коҳиши содироти алюминий ба иллати поинравии қимати металл

Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми содироти алюминии аввалия аз Тоҷикистон 221,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,3 ҳазор тонна камтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи содироти алюминий дар соли равон ба 448,5 млн. $ баробар […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми содироти алюминии аввалия аз Тоҷикистон 221,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,3 ҳазор тонна камтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи содироти алюминий дар соли равон ба 448,5 млн. $ баробар шудааст (соли гузашта 629,2 млн. $).

«Дар муқоиса бо моҳи октябри соли гузашта қимати алюминий аз 2 ҳазору 688 $ то 2 ҳазору 026 $ поин рафт, ки сарфи назар аз коҳиши ҳаҷми начандон назаррас, ба маблағи умумии он бетаъсир намонд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 210,7 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 0,2 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар ширкати «ТАЛКО» ба 387,6 ҳазор тонна хоҳад расид. Соли гузашта ширкат 349 ҳазор тонна алюминии авввалия истеҳсол карда буд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 26-уми ноябр дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати алюминий ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 996 $ барои як тоннаро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.