Бишкек: Баррасии масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду савдо, нақлиёт, истифодаи захоири обӣ, энергетика ва фарҳанг мавриди […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду савдо, нақлиёт, истифодаи захоири обӣ, энергетика ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо атрофи густариши минбаъдаи онҳо табодули назар карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи аломатгузорӣ миёни марзҳои давлатии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба роҳандозии механизми мунтазам амалкунандаи ҳамкории мутақобила миёни вазоратҳо ибрози назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.