Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Чин

Чанде қабл дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии марлумии Чин вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Сянчжу ва муовини аввалаш Ян Хуанмин баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба таҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии марлумии Чин вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Сянчжу ва муовини аввалаш Ян Хуанмин баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба таҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронда, як қатор таклифҳои муфид оид ба таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳоро пешниҳод намуд.

Сипас вазирони ҳарду ҷониб Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин оид ба  ҳамкории наздисарҳадиро ба имзо расониданд. Ҳамчунин ҳайати намояндагони Вазорати корҳои ба Раёсати Марказии  бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекин ташриф фармуда, бо сардори Раёсати мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Раёсати Марказии бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекин аз дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами технологияи навтарин оид ба мушоҳидаи ҳаракат дар роҳ ва системаи мушоҳидавӣ дар роҳҳо ба ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод.

Хамзамон намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Донишгохи милитсияи таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин боздид карданд. Дар Донишгоҳи мазкур воҳидҳои гуногуни таъиноти махсуси вазорат усулҳои пешгирии ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаҳо, киштиҳои ҳавоӣ, озод намудани гаравгонҳо ва безаррар гардонидани террористонро намоиш доданд.                         

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.