Сарбози дар дараи Камароб зиндамонда ба авбошӣ муттаҳам мешавад

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати як сарбозе, ки  соли 2010 аз ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳо дар дараи Камароб ҷон ба саломат бурд, оғоз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари акнун собиқ сарбоз Саймӯмин Шоев хабар дод, зерҳимояи ӯ ба ғайриқонунӣ ба манзили зист ворид шудан ва авбошӣ айбдор карда […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати як сарбозе, ки  соли 2010 аз ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳо дар дараи Камароб ҷон ба саломат бурд, оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари акнун собиқ сарбоз Саймӯмин Шоев хабар дод, зерҳимояи ӯ ба ғайриқонунӣ ба манзили зист ворид шудан ва авбошӣ айбдор карда мешавад.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, С.Шоев бидуни иҷозати соҳибхона Холмаҳмад Қодиров ба манзили ӯ ворид шуда, барои лату кӯби шиносаш Насиба Давлатхоҷаева соҳибхонаро таҳқир ва мавриди лату кӯб қарор медиҳад.

Дар мурофиаи судӣ айбдоршаванда гуноҳи худро қисман эъттироф намуда, Насиба Давлатхоҷаева изҳор кард, ки ӯ оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби Холмурод Қодиров ба ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурдааст, вале кормандони милиса боз кардани парвандаи ҷиноиро рад кардаанд.

Ба қавли ҷабрдида Қодиров, ӯ ҳам ба мақомоти милиса оид ба оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати Шоев аризаи даъвогии ҷавобӣ пешниҳод намуда, вале аризаи ӯ ҳам рад шудааст. Пас аз ин ӯ ба мақомоти прокуратураи вилоят ариза дода, прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноиро оғоз ва ба тафтишот шурӯъ кардааст.

Ҳимоятгари судшаванда дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ дар ҳамлаи мусаллаҳонаи дараи Камароб ҷароҳат бардошта, ҳолати рӯҳиаш то ҳанӯз хуб нест. «Бинобар ин, ман аз прокуратура дархост крадам, ки чораи ҷазои ӯ ба баёноти тарк накардани маҳалли зист иваз гардида, аз боздоштгоҳ озод карда шавад (Саймӯмин Шоев санаи 1-уми ноябр ба ҳабс гирифта шуда буд), вале прокурор дархости моро ба инобат нагирифт», – гуфт номбурда.

Мурофиаи судӣ имрӯз идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.