Сафари роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба ноҳияи Ҳисор

Чанде қабл мулоқоти  роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва  директорони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо ва шахсони масъули  ноҳияи Ҳисор  баргузор гардид. Тавре аз Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ Девонаев С.А., муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ С.Абдулло., […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти  роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва  директорони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо ва шахсони масъули  ноҳияи Ҳисор  баргузор гардид.

Тавре аз Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ Девонаев С.А., муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ С.Абдулло., раиси ноҳия Ҳисор Солеҳов Б.Т., роҳбари Намояндагии Хадамоти Федералии муҳоҷирати ФР Себелев В.В., инчунин роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР Одинаев А.Т.    ва як қатор  кормандони масъулони ХМнҲҶТ иштирок доштанд.

Нахуст раиси ноҳия Ҳисор Солеҳов Б.Т., ташрифи меҳмонон ба ноҳияи шодмони Ҳисорро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба сардори Хадамоти муҳоҷират дод.  

Сардори Хадамоти муҳоҷират пас аз муаррифии кормандони Хадамот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот сухан намуда, диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа ҷалб намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки “муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падида, таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳамаи давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.

Сафиало Девонаев афзӯд : «Маҳз барои ҳалли ин  масъалаҳо,        бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2012 дар рафти сафари кории Президенти Федератсии Россия Путин В. В. ба Ҷумурии Тоҷикистон байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расид.

Дар ҷараёни ин сафар, ҳамчунин мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандон аз 7 ба 15 рӯз тамдид карда мешавад.

Ў қайд намуд, ки зимни баргузории Ҷаласаи 8-уми гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки то 10 феврали соли 2013 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ ҷиҳати фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ва додани иҷозатнома барои кор ба муддати 3 солро таҳия ва ба имзо расонанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондони муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз ташкил ва дидору мулоқотҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот саволу ҷавоб доир ба самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, намояндагиҳои он дар Федератсияи Россия, забономӯзӣ, касбомӯзӣ, масъалаи сафари ноболиғон ба ФР ва нигарониҳое, ки дар ин самт вуҷуд дорад, инчунин оид ба муҳокимаи умумӣ гузоштани қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва таъсиси шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҳисор ва пурзур намудани самтҳои ҳамкориҳо бо раисони ҷамоат ва мактабҳо сурат гирифт.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.