Шиносоии милитсионерони тоҷик бо фаъолияти пулиси ИМА

Гурӯҳи афсарони милитсия ва пешвоёни ҷомеа аз Тоҷикистон ба наздикӣ аз сафари омӯзишии ҳамкории полис бо ҷомеа ба иёлоти Массачусетс, Коннектикут ва Ню Йорк, ки аз ҷониби Сафорти ИМА маблағгузорӣ шуда буд, баргаштанд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи 8 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон аз намояндагони ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷиргатол, Панҷ, ва Фархорро, […]

ASIA-Plus


Гурӯҳи афсарони милитсия ва пешвоёни ҷомеа аз Тоҷикистон ба наздикӣ аз сафари омӯзишии ҳамкории полис бо ҷомеа ба иёлоти Массачусетс, Коннектикут ва Ню Йорк, ки аз ҷониби Сафорти ИМА маблағгузорӣ шуда буд, баргаштанд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи 8 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон аз намояндагони ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷиргатол, Панҷ, ва Фархорро, ки дар онҳо Шуъбаи  назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ташкил кардааст ва инчунин 2 нафар кормандони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро (САҲА) иборат буд, ки дар ҷодаи ислоҳоти милитсия кор мекунанд. Сафари омӯзишӣ дар таърихи 8-19 ноябр баргузор гардид ва як ҷузъи барномаи Шӯъбаи  назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорат – “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” буд, ки аз ҷониби ширкати Эмерҷенс Груп амалӣ мешавад.

Иштирокчиён намунаҳои гуногуни иқдомҳои ҳамкории полис бо ҷомеаро дар якчанд шаҳрҳо мушоҳида намуданд. Дар шаҳри Ню Бедфорди иёлати Массачусетс иштирокчиён бо Сардори Шӯъбаи полис ва намояндаи Шӯрои шаҳр ки бо Полис баҳри пешгирии ҷиноят байни наврасон тавассути омӯзиши касбӣ ҳамкорӣ мекунад, мулоқот доир намуданд.

Дар шаҳри Кембриҷи иёлати Массачусетс  иштирокчиён шоҳиди доирнамоии машғулият бо полис гардиданд ва оиди барномаҳои бехатарии ҷомеа, ки махсусан ба ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир нигаронида шудаанд, маълумот гирифтанд. Дар шаҳри Ню Ҳэвен, иёлати Коннектикут иштирокчиён бо сардори шӯъбаи полис Дин Эссерман, ки аз сабаби бомуваффақият ба роҳ мондани ҳамкории полис бо ҷомеа дар якчанд шаҳрҳо маъруф аст, вохӯрданд. Ӯ таъкид кард “Мо қӯшуни мусаллаҳ нестем, мо истилогар нестем, мо сокинони ҳамин шаҳр мебошем ва савганд ёд кардаем, ки ба халқи худ хизмат мерасонем. Мо муносибатамонро баҳри барпо карданӣ дӯстӣ, на душманӣ, барқарор мекунем. Ҳамкории полис бо ҷомеа, нисбати усули анъанавии кори полис душвортар, лекин беҳтар аст”. Иштирокчиён ҳамчунин муваффақ гаштанд кори полиси шаҳри Ню Йоркро дар вақти ҷашни Рӯзи собиқадорон дар 5-ум Авенюи ин шаҳр назорат кунанд.

Ҳукумати ИМА омода аст мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва сохторҳои адлияи онро дастгирӣ намояд ва ҳамкории худро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияту бехатариро барои шаҳрвандон идома диҳад. Аз соли 2003 то ин ҷониб Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА зиёда аз 52 миллион долларро баҳри дастгирии барномаҳои ислоҳотӣ дар соҳаи амният ва адлияро барои халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.