АНМН: Мусодираи 4 кило маводи мухаддир дар ВМКБ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мошини тамғаи “Дэу Нексия”, ки аз ҷониби сокини 33-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд, 4 кило героин ва ҳашиш мусодира намуданд. Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, амалиёти мазкур дар доираи чорабиниҳои “Кӯкнор-2012” дар қаламрави ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ роҳандозӣ шуд ва […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мошини тамғаи “Дэу Нексия”, ки аз ҷониби сокини 33-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд, 4 кило героин ва ҳашиш мусодира намуданд.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, амалиёти мазкур дар доираи чорабиниҳои “Кӯкнор-2012” дар қаламрави ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ роҳандозӣ шуд ва ҳамроҳ бо ронанда мусофири он, сокини 26-солаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ки феълан дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекард, боздошт гардид.

Тафтишоти аввалия собит кардааст, ки ронанда қаблан дар Русия бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии ин кишвар барои дарёфт, нигаҳдорӣ, интиқоли воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ суд шуда будааст.

Мухаддиротро саги хидматии “Рики” дар дохили чархи эҳтиётии мошин кашф кардааст ва баъди кушодани он аз дохили чарх 7 баста маводи сабзранг ва 1 халтаи селофанӣ маводи хокамонанди рангаш рушани дорои бӯи махсус берун оварда шудааст. Лабораторияи ташхиси судӣ тайид кардааст, ки маводи мусодирашуда ҳашиш ва героин буда, вазни умумии онҳо 4 килоро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар айни замон барои шиносоӣ ва боздошт намудани шахсони дигаре, ки ба ин амал даст доранд, чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.