Хуҷанд: Оғози мурофиаи гумонбаршудагон ба узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҳафт нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, мурофиаи судӣ аввали ҳафтаи равон дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ низ ҳузур доранд. Ба қавли судя, […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҳафт нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, мурофиаи судӣ аввали ҳафтаи равон дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ низ ҳузур доранд.

Ба қавли судя, ду нафар аз айбдоршавандагон қаблан барои содир намудани чунин ҷиноят маҳкум шуда, изҳор карданд, ки дар ҳақиқат узви ин созмон мебошанд ва аз ҳимояти адвокат даст кашиданд, зеро ба он эҳтиёҷ надоштаанд.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2000-ум онҳо ихтиёран ба сафи созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба ҷалби аъзои нав, таблиғи афкору ғояҳои созмони мазкур ва паҳн намудани варақаҳои мазмуни ифротгароӣ машғул будаанд.

«Аксари онҳо дар ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ифротгаро, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тариқи зӯроварӣ барҳам додани сохти конститутсионӣ ва даъват ба анҷом додани амалҳои ифротгароӣ муттаҳам карда мешаванд», – қайд кард Аҳроров.

Қобили зикр аст, ки қисмати дигари гурӯҳ иборат аз 10 нафар аллакай маҳкум гардида, дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.

Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии созмон барҳам додани сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо созмони мазкур террористӣ эътироф шудааст. Соли 2001 дар Тоҷикистон низ фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил гардида, аъзои фаъоли он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон нисбат ба 56 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгаро, ки сокинони вилоят мебошанд, парвандаҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба судҳо ирсол гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.