Ҳимояти созмонҳои ҷамъиятии Аврупову ОМ аз «Ампаро»

Дар арафаи оғози баррасии шикояти кассатсионии парванда дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки даъвои судӣ нисбат ба ташкилотро бозпас гирифта, ба фаъолияти он дар самти дифоъ аз ҳуқуқ монеъа эҷод насозанд. Cанади мазкур аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии 15 кишвари Аврупо ва […]

Наргис Ҳамробоева


Дар арафаи оғози баррасии шикояти кассатсионии парванда дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки даъвои судӣ нисбат ба ташкилотро бозпас гирифта, ба фаъолияти он дар самти дифоъ аз ҳуқуқ монеъа эҷод насозанд.

Cанади мазкур аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии 15 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расидааст.

Дар санад таъкид мегардад, ки чунин амалҳои ҳукуматдорони Тоҷикистон нақзи ӯҳдадориҳои қабулшудаи давлат дар доираи СММ ва САҲА мебошад, ки ба озодии фаъолияти иттиҳодияҳо кафолат медиҳанд. «Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳимояти махсус бархӯрдор буда, набояд аз ҷониби кишварҳои сохти демокративу ҳуқуқӣ мавриди таъқиб қарор гиранд», – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғдро қонеъ намуда, фаъолияти минбаъдаи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро манъ кард. Намояндагони «Ампаро» ин қарорро ғайриқонунӣ ва бепоя хонда, изҳор доштанд, ки фаъолияти худро қатъ карданӣ нестанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.