25 млн. сомонӣ барои бунёди маркази тиббӣ дар маҳаллаи Зарафшон

Барои сохтмони маркази муосири тиббӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, ки муддати ду моҳ боз идома дорад, аз буҷети шаҳри Душанбе то ахири соли равон ҳудуди 8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳрӣ ҳудуди 25 […]

Аваз Юлдошев


Барои сохтмони маркази муосири тиббӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, ки муддати ду моҳ боз идома дорад, аз буҷети шаҳри Душанбе то ахири соли равон ҳудуди 8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳрӣ ҳудуди 25 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, анҷоми сохтмони он ахири соли 2013 дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, соли оянда оид ба харидорӣ ва таъмини марказ бо таҷҳизоти заруриву мебел тендер баргузор мешавад. «Танҳо пас аз он метавон дар бораи маблағи дақиқи воситаҳои ҷудошуда аз буҷети шаҳрӣ ба сохтмон ҳарф зад», – таъкид кард сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.