Таъини намояндаи нави доимии БОР дар Тоҷикистон

Си. Си. Ю (C. C. Yu) намояндаи нави доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Си. Си. Ю рӯзи 29-уми ноябр ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард. «Ман хеле хушнудаму ифтихор дорам, ки дар инҷо қарор дорам, – изҳор кардааст намояндаи нави бонк дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Си. Си. Ю (C. C. Yu) намояндаи нави доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон таъин карда шуд.

Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Си. Си. Ю рӯзи 29-уми ноябр ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард.

«Ман хеле хушнудаму ифтихор дорам, ки дар инҷо қарор дорам, – изҳор кардааст намояндаи нави бонк дар ҶТ. – Ҳамкории БОР ва Тоҷикистон дар сатҳи хуб роҳандозӣ шуда, ман оғози фаъолият бо ҳукумати кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикон оид ба рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бесаброна интизорӣ дорам, то ки дастгирии БОР ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон суръати бештар бахшида, ба рушди устувори иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намояд».

Намояндаи нави доимии бонк ба таъмини барномаҳои БОР барои рушди Тоҷикистон масъул хоҳад буд, ки самтҳои афзалиятноки он беҳбуди зербинои бахши энергетикаву нақлиёт ва дастгирии рушди бахши хусусӣ мебошад.

Си. Си. Ю шаҳрванди Канада буда, дорои дараҷаи доктори ҷуғрофия ва тарҳрезии Донишгоҳи Торонто мебошад. Ӯ аз соли 2000-ум дар БОР фаъолият дошта, дар бахшҳои идоракунӣ, таҳияи лоиҳаҳо дар бахши гуногуни иқтисоду ҷомеа таҷрибаи тахассусии 20-солаи корӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 966 млн. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмак техникӣ ҷудо кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.