Раиси ҲНИТ аз Норвегия боздид кард

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ идомаи сафари худ ба Аврупо дар ҳайати муштараки роҳбарони аҳзоб ва ҳаракатҳои исломии ҷаҳон барои мулоқот ва муколама бо намояндагони мақомоти аврупоӣ аз Норвегия боздид кард. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, 28- уми ноябр ҳайати муштарак бо вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Эспен Барт Эйде, муовини […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ идомаи сафари худ ба Аврупо дар ҳайати муштараки роҳбарони аҳзоб ва ҳаракатҳои исломии ҷаҳон барои мулоқот ва муколама бо намояндагони мақомоти аврупоӣ аз Норвегия боздид кард.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, 28- уми ноябр ҳайати муштарак бо вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Эспен Барт Эйде, муовини Раиси парлумони Норвегия Ахтар Чаудри ва аъзои комитети робитаҳои байналмиллалии парлумон мулоқот намуд.

Зимни мулоқотҳо вазъи олами Ислом дар маҷмӯъ ва ҳар минтақа дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ гашт. Аз ҷумла, вазъияти Осиёи Марказӣ ва равандҳои сиёсиву иқтисодии он яке аз меҳварҳои мулоқотҳо буд.

Вазири корҳои хориҷии Норвегия рағбати кишварашро  барои ҳамкорӣ дар рушди барномаҳои гидроэнергетикӣ бо Точҷкистон изҳор намуд ва онро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсатҳои кишвараш дар Осиёи Марказӣ хонд.

«Раиси ҲНИТ ин мавқеъи кишвари Норвегияро созанда ва муносиб ба ниёзҳои мардуми Тоҷикистон хонда, онро барои рушди тамоми минтақа муҳим донист ва инчунин изҳор кард, ки дар Осиёи Марказӣ бояд ҳарчи зудтар ислоҳоти шомили сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат бигирад ва Аврупо ҳамкории бештареро бо кишварҳои минтақа дошта бошад», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.