Нигаронии сафорати ИМА аз баста шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз баста шудани як қатор сомонаҳои шабакаи Интернет дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. Дар изҳороти пахшшудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки баста шудани шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон боиси нигаронии сафорати ИМА мебошад. «Иёлоти Муттаҳида […]

ASIA-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз баста шудани як қатор сомонаҳои шабакаи Интернет дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти пахшшудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки баста шудани шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон боиси нигаронии сафорати ИМА мебошад.

«Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ умумибашарист», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мешавад, ки ҳуқуқи озодона ибрози андеша намудани ҳар шаҳрвандро эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳоро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ бекор намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.