Таъсиси Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» дар Париж

Чанде қабл дар шаҳри Париж дар бинои Сенати Фаронса, Қасри Люксембург бо дастгирии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани якдилона Раиси иттиҳодия интихоб шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, иттиҳодия бо иштироки аъзоёни Сенат, намояндагони Вазорати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Париж дар бинои Сенати Фаронса, Қасри Люксембург бо дастгирии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Иттиҳодияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани якдилона Раиси иттиҳодия интихоб шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, иттиҳодия бо иштироки аъзоёни Сенат, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ва диаспораи тоҷик дар ин кишвар бунёд гардид. Ҳадафи иттиҳодия тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва гуманитарӣ, таҳкиму татбиқи иқтидори туристиву сармоягузории ҳарду кишвар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ самтҳои фаъолияти минбаъдаи Иттиҳодия муҳокима ва муайян карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз ҷамъомади аввалини таъсискунандаи иттиҳодия филми мустанад зери унвони «Сири кӯли Қароқул» манзури ҳозирин гардид, ки он моҳи июни соли 2011 дар баландкӯҳҳои Помир аз ҷониби экспедитсияи байналмилалии иборат аз 5 олим, геологу астрономҳои фаронсавӣ, чех ва лаҳистонӣ ба навор гирифта шуда буд. Филм дар бораи таърихи ташаккул, хусусиятҳо ва омӯзиши минбаъдаи кратери баландкӯҳии зарбадори Қарокул, ки дар натиҷаи зарбаи метеорит ба замин тақрибан 10 миллион сол қабл ба вуҷуд омад, маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.