Қатъи дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ»

Чанде қабл дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» хабарҳо пайдо шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе тариқи СМС-паёмак аз онҳо қатъ кардани дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» талаб шудааст. Гуфта мешавад, яқинан ин ба он марбут аст, ки пас аз […]

Меҳрангез Турсунзода


Чанде қабл дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» хабарҳо пайдо шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе тариқи СМС-паёмак аз онҳо қатъ кардани дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» талаб шудааст. Гуфта мешавад, яқинан ин ба он марбут аст, ки пас аз дастнорас шудани шабакаи иҷтимоии Facebook, дар сомонаи радиои «Озодӣ» базудӣ мусоҳибаи кӯтоҳи сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба нашр расид.

Шарҳи Зуҳуров нисбати қатъи дастрасӣ ба шабакаи Facebook, ба пайдоиши миқдори зиёди коллажҳо ва маводи танзомез дар худи ин шабака боис гардид.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ»-ро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки ин кори дасти «ихтиёриён» буда, онҳо аз «фаъолияти як қатор агентиҳои иттилоотӣ алайҳи манфиати Тоҷикистон» изҳори норозигӣ кардаанд.

Дар бораи «ихтиёриён» Б.Зуҳуров чандин маротиба ҳарф мезанад. Ба қавли вай, як гурӯҳе аз ин ихтиёриён маводи шабакаи Интернетро дар робита ба маълумоту бардурӯғу туҳматомез нисбати мансабдорони давлативу соҳибкорони тоҷик таҳти мониторниг қарор додаанд.

Ба эътиқоди ҷаноби Зуҳуров, дар Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандон ҷонибдори қатъ кардани дастрасӣ ба сомонаҳое, аз ҷумла Facebook мебошанд, ки ба манфиатҳои Тоҷикистон мухолифанд.

Ёдрас мекунем, 3-уми майи соли равон Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет даъват ба амал оварда буд, ки дастрасӣ ба торнамои Facebook ва чанде аз дигар сомонаҳо, аз қабили Zvezda.ru, Tjknews.com ва Maxala.org-ро қатъ карда шавад. Тӯли соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳамчунин якчанд маротиба дастрасӣ ба сомонаи news.tj (ОИ «Азия-Плюс») низ қатъ гардида, торнамоҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, оҷонсии «Озодагон», видеохостинги You Tube ва ғайра мавриди ин амали Хадамоти алоқа қарор гирифта буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.