Дар Суғд падар писарро куштанӣ шуд

Сокини 53-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мурод Маъмуров ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ бо корд ба писари 34-солааш чанд зарба мезанад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ҶТ хабар доданд, писар аз ҷойи ҳодиса гурехта, ҷон ба саломат бурдааст. Айни замон ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона қарор дорад. Зимнан зикр гардид, […]

Мавлуда Рафиева


Сокини 53-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мурод Маъмуров ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ бо корд ба писари 34-солааш чанд зарба мезанад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ҶТ хабар доданд, писар аз ҷойи ҳодиса гурехта, ҷон ба саломат бурдааст. Айни замон ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.