Баррасии мушкилоти ташхис ва пешгирии бемориҳои саратони занон

Пагоҳ, 8-уми декабри соли  равон Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ ва Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Президенти Тоҷикистон оид ба масоили пешгирии бемориҳои саратони занон дар шаҳри Душанбе омӯзиш мегузаронад. Тавре ҳамоҳангсози барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ Зарина Қурбонбекова […]

ASIA-Plus


Пагоҳ, 8-уми декабри соли  равон Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ ва Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Президенти Тоҷикистон оид ба масоили пешгирии бемориҳои саратони занон дар шаҳри Душанбе омӯзиш мегузаронад.

Тавре ҳамоҳангсози барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ Зарина Қурбонбекова хабар дод, дар тренинг 50 нафар намояндаҳои шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони марказҳои бӯҳронии занони ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.  

Ба қавли ӯ, омӯзишро мутахассисони соҳавии  Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ мегузаронанд. «Пас аз тренинги мазкур барои додани машварат дар маҳалҳо аз 11 то 18 декабр гузаронидани сессияҳои хурди сайёр ва муоинаи занон дар вилоятҳои Суғд (ш. Кайроққум ва Табошар) ва Хатлон (ш. Кӯлоб ва н. Вахш) дар назар аст», – афзуд номбурда. 

Қобили зикр аст, ки феълан саратони ғадуди сина аз маъмултарин бемориҳои онкологии занон маҳсуб мешавад. Ҳамасола дар ҷаҳон кариб як миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ва теъдоди онҳо ру ба афзоиш дорад.

Дар Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ ҳар сол беш аз 250 нафар ба саратони ғадуди сина гирифтор мешаванд, ки синни аксарашон 45-54- сола аст.  Беш аз 70 фоизи гирифторони беморӣ ҳангоми ба дараҷаи 3 ва 4-ум расидани саратон ба духтур муроҷиат мекунанд, ки амалан он табобатнашванда аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.