Кӯмаки USAID ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён

ASIA-Plus


Кэтлин МакДоналдс, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими ифтитоҳи расмии идораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон” дар ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён ширкат варзид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ инчунин мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони сафорати ИМА, аҳолии маҳал ва иҷрокунандагони ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” иштирок намуданд. «USAID aссотсиатсияи мазкурро тариқи Барномаи оиди хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ташкил намудааст.  Ассотсиатсия барои зиёда аз 25,169 истиқоматкунандагони ин ноҳияи аз ҷиҳати озуқаворӣ азиятдошта дастрасии устувор ба обро таъмин хоҳад кард», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, деҳқонони Қубодиён ба оби полезӣ дастрасии мунтазам надоранд ва қисми зиёди каналу заҳбурҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.  Дар соли 2011, USAID ташаббуси созмон додани aссотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон”-ро тариқи раванди ошкоро ва якҷоя бо иштироки хоҷагиҳои ҳурди фермерӣ ва тиҷоратӣ, сарварони ҷомеа ва мансабдорони маҳаллӣ пеша гирифт. Айни замон aссотсиатсия дар раванди барқарорсозии канал, заҳбур ва дарвозаҳои обтақсимкунии ноҳияи қарор дорад.

Мақсади ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва Барномаи USAID хоҷагидории деҳқонии оилавӣ – беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва камхӯрӣ тариқи рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани ғизои солим – махсусан дар байни кӯдакони хурдсол ва занон дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон мебошад.  Барои расидан ба ин мақсад, USAID ба деҳқонони Тоҷикистон барои беҳтар намудани таҷрибаи идораи оби полезӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад. 

Аз моҳи октябри соли 2010, Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 11 Ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Румӣ, Ҷиликул ва Вахш созмон додааст, ки ба 26,304 гектар замин ва 193,000 сокинони ин ноҳияҳо манфиат хоҳад овард.

Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...