Дар Душанбе масоили таъсири рӯйдодҳои Афғонистон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдидҳо, имконот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки конфронс бо дастгирии Институти байнулмилалии тадқиқоти стратегии Лондон созмон дода шуда, дар он масоили […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдидҳо, имконот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.




Аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки конфронс бо дастгирии Институти байнулмилалии тадқиқоти стратегии Лондон созмон дода шуда, дар он масоили ҷараёни воқеоту рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши давлатҳои минтақа дар раванди бозсозии ин кишвар ва дастгирии тадбирҳои нерӯҳои эътилофи НАТО дар барқарории сулҳу суботи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Интизор меравад, ки дар кори конфронс 25 нафар коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва инчунин намояндагони САҲА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.