Дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як руйдоди муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласаи мазкур ҳайати расмии Хукуматии Чумхурии Точикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Дар оғози ҷаласа Шӯрои Созмони умиҷаҳонии савдо аз қабули се ҳуҷҷати муҳим лоиҳаи протокол оид ба ҳамроҳшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии Савдо, қарори Шӯро оид ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳисоботи гуруҳи кориро оид ба воридшавии Тоҷикистон ба созмони мазкур ёдовар шуда, ин руйдоди муҳиму фараҳбахшро барои Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои генералии созмони умумиҷаҳонии савдо суханронӣ намуда, санаи дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим ва мусоидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа маънидод намуд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 11 сол муқаддам барои шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дархост пешниҳод карда буд» таъкид намуд сарвари давлат ва афзуд, ки: «Гумон мекунам, ки ин яке аз қадамҳои устувор ва мантиқан дурусти гузариши кишвари мо ба иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад».
Эмомалӣ Раҳмон раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ҳамчун оғози марҳалаи тӯлонии дарпешистода арзёбӣ намуд ва афзуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо минбаъд ӯҳдадориҳои гирифтаашро ба ҷо оварда, муқарраротеро, ки аз талаботи ин Созмони бонуфуз бармеоянд, пурра риоя хоҳад кард ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи он самаранок иштирок хоҳад намуд.
Сипас Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами аз пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корҳо оид ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфӯз пояи ташкилиро дар сатҳи зарурӣ муҳайё сохт. Паскал Ламӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Тоҷикистон бо воридшавии худ ба созмони мазкур барои рушди минбаъда ва густариши тиҷорату савдои байналмилалӣ роҳ кушод.
Дар маросими дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо хамчунин намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуда, аз шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар анҷоми ҷаласаи Шурои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо маросими имзои Протокол оид ба дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор шуд, ки ба он Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Ламӣ имзо гузоштанд.





