Маъракаи зиддимухаддиротии АНМН дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Фармонқул Шовалиев – ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ як падидади барои миллат бегона аст ва аксари касоне, ки ба ин гуна корҳои номатлуб даст мезананд, аз гаправиву сабукхаёлӣ вориди мушкилот мешаванд. Фармонқул Шовалиев, ки дар ин хусус дар як ҷаласаи […]

ASIA-Plus


Фармонқул Шовалиев – ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ як падидади барои миллат бегона аст ва аксари касоне, ки ба ин гуна корҳои номатлуб даст мезананд, аз гаправиву сабукхаёлӣ вориди мушкилот мешаванд.

Фармонқул Шовалиев, ки дар ин хусус дар як ҷаласаи муштараки сокинони деҳаҳои Янгиюл, Чойлобкамар, Чубек, Ҳаёти нав, Туғул, Тудабоён ва Оқимазор сухан гуфта, бо овардани ду мисол аз сарнавишти ду марди нашъаҷаллоби минтақа фоҷеаро барои ҳама як мусибат унвон кард.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, ин ҷаласа бо ибтикори Шуъбаи ноҳияҳои Кӯлоби Раёсати Агентӣ доир гардид ва дар он корманди масъули ин шуъба Диловар Бобоев дар бораи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар, муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар вилоят ва минтақаи Кӯлоб, вазъи гирифторон ба бемориҳои сироятшаванда, ки аксари онҳо истеъмолкунандагони тазриқии маводи нашъаовар мебошанд, суханронӣ намуд. Ба андешаи ӯ ҳаёти гирифторон ба нашъамандӣ ва касоне, ки бо нашъаҷаллобӣ ба даст меафтанд, ба ҳар шунавандаву бинандаи он таъсиргузор хоҳад буд.

Ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон як ноҳияи марзӣ буда, масири интиқоли ғайриқонунии мухаддироти тавлиди Афғонистон аз он убур мекунад ва эҳтимолияти ҷалби шумораи бештари сокинони он ба нашъаҷаллобӣ ва ё интиқоли он зиёд аст. Тибқи омори расмӣ соли 2011 дар қиёс ба соли 2010 дар вилояти Хатлон маводи мухаддири мусодирашуда 49,2% афзуд. Ҳамзамон бо ин дар қаламрави чор ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон – Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Фархор ва Панҷ, ки аз тариқи онҳо хатсайри асосии қочоқи маводи мухаддир мегузарад, 73,7% аз миқдори умумии мухаддироти дар вилоят гирифташуда, забт гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.