Оғози барномаи коҳиши сатҳи тарки мактаби USAID дар Хатлон

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ифтитоҳи барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагонро дар вилояти Хатлон қайд намуд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи барнома Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Еллиот, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва дигар намояндагони расмии вазорати маориф иштирок намуданд. Маросими […]

ASIA-Plus


Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ифтитоҳи барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагонро дар вилояти Хатлон қайд намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи барнома Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Еллиот, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва дигар намояндагони расмии вазорати маориф иштирок намуданд. Маросими ифтитоҳ, ки  дар мактаби рақами 2 ноҳияи Данғара баргузор гардид,  оғози расмии барномаи USAID  оид ба коҳиш додани сатҳи тарки мактаб дар байни хонандагони синфи 9 мебошад. Барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон таърихи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА-ро дар бахши маориф идома медиҳад.

Ёвари муовини вазири корҳои хориҷии ИМА дар чорабинии мазкур қайд намуд: “Хонандае, ки таҳсилашро ба охир мерасонад барои пайдо кардани кор имкониятҳои бештар ва хубтаре дорад. Махсусан духтароне, ки таҳсилашонро хатм мекунанд, ба воя расида оилаи солим, саодатманд ташкил мекунанд ва дар навбати худ ба тамоми ҷомеа фоида мерасонанд”.

Барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон (БОПТМ) дар ҳамкорӣ бо кормандони вазорати маориф ва мактабҳо таҳия гардид то ки хонандагонро барои идома додани таҳсил дар мактаб ҳавасманд намояд. Дар давоми соли гузашта барнома таҳлили омилҳоеро гузаронид, ки ба тарки мактаб дар синфи 9 таъсир мерасонанд ва барои ҳалли ин омилҳо барномаҳои амалиро дар сатҳи мактабҳо таҳия намуд. Барои муайян намудани самаронокии барнома дар ҷараёни амалӣ гардонидани он барнома  арзёбӣ карда мешавад. Дар ниҳоят барномаи мазкур оид ба стратегияҳои муваффақе, ки барои пешгирии тарки мактаб дар саросари кишвар ва минтақа метавон истифода кард, пешниҳодот таҳия мекунад. 

БОПТМ аз ҷумлаи он кӯмакҳое мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ анҷом дода мешавад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.