Модари маҳбус: Писарам ба нишони эътироз худро захмӣ кард

Яке аз маҳбусони чанде қабл ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқолшуда ба нишони эътироз алайҳи истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса худро бо теғи поку (лезвие) захмӣ кардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Ӯғулой Болтабоева, модари маҳбуси 30-сола Қурбоналӣ Болтабоев хабар дод. Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми давраи карантин дар муассисаи […]

Наргис Ҳамробоева


Яке аз маҳбусони чанде қабл ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқолшуда ба нишони эътироз алайҳи истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса худро бо теғи поку (лезвие) захмӣ кардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Ӯғулой Болтабоева, модари маҳбуси 30-сола Қурбоналӣ Болтабоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми давраи карантин дар муассисаи мазкур бародари бузургаш бо Қурбоналӣ дидор дошта, дар дасту пойҳои ӯ осори захми лату кӯбро дидааст. «Қурбоналӣ ба бародараш гуфтааст, ки ӯро ҳамеша мавриди фишору шиканҷа қарор медиҳанд, то ки иродаашро шикаста, ба мутеъ шудан водор созанд, зеро ӯ қоидаҳои тартибот дар зиндонро ба хубӣ риоя мекардааст», – гуфт модари маҳбус.

Модари маҳбус изҳор намуд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ӯ хабар расидаст, ки писараш ба озору шиканҷа тоб наоварда, бо теғи поку қисмати шикам ва гарданашро буридааст.

Ба қавли модари маҳбус, соли 2008 Қурбоналӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ ва бандитизм ба муддати 24 соли зиндон маҳкум шуда, чор соли аввали ҷазоро дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат адо кардааст ва сипас ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида шудааст.

Сардори муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ин ҳодисаро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки субҳ Қ.Болтабоев ба шуъбаи навбатдорӣ даъват шуда, вале ӯ онро рад ва нисбати кормандони муассиса носазо гуфтааст ва аз ин рӯ, қарор шудааст, ки ӯро ба ҳуҷраи ҷаримавӣ равона намоянд. «Муфаттиши прокуратураи махсус бобати андешидани чораҳо нисбати маҳбус мавод омода сохта, лекин ӯ барои аз ҷазо раҳоӣ ёфтан ва тарсонидани кормандони муассиса ба ин амал даст зад», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз ин ҳодиса Қ.Болтабоев дарҳол ба шуъбаи тиббии муассиса фиристода шуда, ба ӯ кӯмаки тиббии зарурӣ расонида шуд. «Ба ҳаёти маҳбус чизе таҳдид надошта, 10-уми сентябр ӯ ба бинои умумӣ гузаронида шуд», – афзуд сардори муассисаи ислоҳӣ.

Дар ҳамин ҳол, як моҳ қабл чанде аз ВАО бо истинод ба наздикону хешовандони чанде аз маҳкумшудагон, ки аз муассисаҳои ислоҳии Душанбе ва Ваҳдат ба вилояти Суғд фиристода шуданд, дар бораи лату кӯби бераҳмонаи онҳо бо расидан ба ҷойи таъинот хабар доданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.